М. Убайдуллоев сардори ду корхонаро сабукдӯш кард
Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки шоми 24 феврал доир гардид, ду нафар сардори корхонаи коммуналии пойтахтро аз вазифа сабукдӯш намуд. Инҳо Ҷумъахон Давлатов -сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии /ККВД/ «Автобус-1» ва Абдулхайр Алиев, сардори ККВД «Троллейбус» мебошанд.
Сабаби аз вазифа озод намудани роҳбарони ду корхонаи коммуналии пойтахт, ин дар сатҳи зарурӣ таъмин накардани аҳолии пойтахт аз хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар 24 феврал арзёбӣ мегардад, зеро то ҷое мусаллам аст, дирӯз бо боридани барфи сахт дар Душанбе аз бемасъулиятии масъулини пойтахт сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ба аҳолии пойтахт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда буд. Ин боис гардид, ки мусофирони зиёде соатҳо дар истгоҳҳои пойтахт зери ҳавои сард дар интизори нақлиёти мусофиркаш буданд ва ба кор ва дигар ҷойҳои зарурӣ сари вақт нарасидаанд.
Коршиносон ба он назаранд, ки масъалаи ҳизматрасони нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт ба аҳолӣ яке аз масъалаҳоест, ки то ҳанӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст ва яке аз масъалаҳои рақами 1 дар пойтахт боқӣ мемонад. Хуб мешуд, ҷиҳати ҳалли масъалаи мубрам шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ва ҷалби олимону коршиносони бахши нақлиёт бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта тадбирҳои муассир андешад, то шаҳрвандону меҳмонон соатҳо дар интизори нақлиёт наистанд ва хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонӣ ба танзим дароварда шавад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






