Мафкураи зидддикоррупсиониро баланд бардорем

Февраль 14, 2015 10:38

Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе 8 ҷинояти коррупсионӣ содир  шудааст. 
Ин масъала дар вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки 11 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Таҳлилҳо нишон доданд, ки кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ худ даст ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки сабаби асосии содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон ва надонистани қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад. 
Омили дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда- ин дар сатҳи кофӣ ба роҳ намондани назорати дохилиидоравӣ аз болои зердастон мебошад. 
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии мазкурро саривақтӣ ва зарур шуморида, зикр кард, ки дар оянда ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирии коррупсия ба роҳ монда шуда, баҳри баланд бардоштани мафкураи зидддикоррупсионӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 

Февраль 14, 2015 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд