«Маърифати оиладорӣ — калиди хушбахтӣ»- озмун дар Суғд
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум дар доираи эълон гардидани «Соли 2015 — Соли оила» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани силсилаи чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Тибқи нақша озмунҳои «Муҳаббати модар» барои эҷоди беҳтарин шеъру тарона, «Оилаи тифоқ» байни оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо, «Ҷомеаи солим — аз оилаи солим», «Модару оила — ганҷи бебаҳо», «Маърифати оиладорӣ — калиди хушбахтӣ» ва мусобиқаҳои варзишии дастаҷамъона байни бонувону оилаҳо гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки озмунҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ шуда, ғолибон туҳфаҳои пулию молиро соҳиб мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






