Маркази забону фарҳанги чинӣ ифтитоҳ шуд
Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нуктаҳои асосии дастуру супоришоти Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва донандаи се чор забони хориҷӣ корҳои назаррасро амалӣ намуда, Маркази забону фарҳанги чиниро низ боз намуд таъкид намуд директори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ Иномҷон Аминов зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои Иномҷон Аминов бо ин мақсад бо маркази Конфутсийи Ҷумҳурии мардумии Чин гуфтугӯ сурат гирифт ва бо мусоидати сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин — Рашид Олимов як омӯзгори чинӣ ба донишкада барои омӯзонидани забони чинӣ омадааст. Директори ДИС ДДТТ ҳамчунин афзуд, ки аз ҳар факултаи донишкада дар марҳилаи аввал 22 нафарӣ барои омӯзиши забони чинӣ ба тариқи ройгон ҷалб мешаванд, то мутаххасисони зарурӣ омода гардад.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 210 нафар омӯзгор, аз ҷумла 8 нафар доктори илм, 75 нафар номзади илм ва дотсент ба наздик ба 4500 нафар донишҷӯ, ки рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд, дарс мегӯянд. Дар донишкада шабакаи маъмурии идора ва сифати таълим амал мекунад, ки он гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро фароҳам меорад. Дар он аз рӯзи ба донишкада ҳуҷҷат супоридани донишҷӯ маълумотҳо ба компютер ворид мешаванд.
Иномҷон Аминов мегӯяд, донишкада аз ҷиҳати пояи моддиву техникӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо буда, дорои 550 компютери ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст, синфхонаи интернетӣ бо 50 компютери замонавӣ ва китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 30 компютер бо фарогирии 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва 17 тахтаи электронӣ аст. Инчунин ҳамаи кафедраҳо бо проектору ноутбукҳо таъминанд, ки ин ба гузаштани дарсҳо аз тариқи электронӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олиро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён диққати махсус диҳанд. Мо дар ин самт низ пайваста корбарӣ менамоем ва алҳол таҳсил дар донишкада ба се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, яъне 11 гурӯҳ бо забони англисӣ ва зиёда аз 25 гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил мекунад. Барои гурӯҳҳое, ки бо забони англисӣ ва ё русӣ таҳсил мекунанд, тамоми дарсҳо бо ҳамин забонҳо гузаронида мешавад. Ба чунин раванди таҳсил коршиносони байналмилалӣ низ баҳои баланд додаанд. Дар назар аст, ки аз соли таҳсили нав теъдоди гурӯҳҳои англисӣ ба 14 адад расонида шавад. Ҳамзамон соли хониши ҷорӣ забони дуюми таҳсили чунин гурӯҳҳо забони чиноӣ интихоб шудааст- афзуд И. Аминов.








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






