Машварат оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон
Душанбе, 18.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 машварати корӣ доир гардид.
Тавре ки таъкид шуд, новобаста ба таъсири омилҳои иқтисодию молиявии берунӣ дар соли 2014 фаъолияти низоми бонкии мамлакат муътадил нигоҳ дошта шуд ва дар ин самт пешравиҳои зиёд низ ба даст омаданд.
Дар машварат доир ба таъсиси Шўрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди низоми бонкӣ, мутобиқсозии низоми бонкии мамлакат ба таъсири омилҳои берунӣ, нигоҳдории мувозинати иқтисодиёти миллӣ дар пешорўи таъсири ин омилҳо, таҳкими имконоти пардохтпазирии бонкҳо, тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳо ва бонкҳои хориҷӣ, афзун намудани ҷалби сармоя ва қарздиҳии хурду миёна, маблағгузории соҳаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ таклифу пешниҳодҳои судманд баён шуданд.
Дастур дода шуд, ки барои дар шакли нақшаи чорабиниҳои амалӣ таҳияи таклифу пешниҳодҳо ва муайянсозии роҳу усулҳои наву судманди таъминкунандаи рушди бонизоми фаъолияти бонкӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, роҳбарони бонкҳои давлатию саҳомӣ ва ташкилоту идораҳои хурди қарзию амонатӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






