Машварати корӣ бо иштироки Муродалӣ Алимардон
Хуҷанд, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-20 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон машварати корӣ доир гашт. Дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини соҳаи кишоварзии вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар машварат оид ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар вилоят ва дар ин раванд соли гузашта ноил шудани меҳнаткашони вилоят ба дастоварҳои назаррас ёдовар шуд.
Муовини раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов зикр кард, ки соли гузашта дар раванди пешбурди соҳаи кишоварзӣ дар қаламрави вилоят 2 932 хоҷагии калонҳаҷми кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор гирифта, 36 ҳазор хоҷагии деҳқонии навтаъсис созмон дода шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон аз дастоварҳои шоистаи мардуми вилояти Суғд дар соли гузашта ва таҷрибаи ғании кормандони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ёдрас шуда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии сафари гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ на дарёфти камбудӣ ё танқид, балки расонидани кумаки методӣ, таҳлили вазъи воқеии иқтисодиёти вилоят ва дарёфти роҳҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






