Машварати корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат
Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҳолати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт машварати корӣ доир гардид.
Тавре таъкид шуд, айни замон дар мамлакат 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мавриди иҷро қарор доранд, ки асосан аз сохтмон, таҷдид ва навсозии фурудгоҳҳо, роҳҳои оҳану мошингард ва нақбу пулҳо иборат мебошанд.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда ин лоиҳаҳо бо маблағи 892 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида, то имрўз ба андозаи беш аз 70 фоиз маблағҳо дар татбиқи ин лоиҳаҳо аз худ карда шудааст.
Дар машварат рафти татбиқи аксар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи таҷдиди қитъаи Шўрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаи Хумб нигаронкунанда арзёбӣ гардида, дар татбиқи як қатор лоҳаҳо мувофиқат накардани сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи имрўза таъкид карда шуд.
Қарор дода шуд, ки рафти иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳа зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта дар татбиқи лоиҳаҳо саривақт бартараф карда шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






