Мотами умумӣ дар Миср
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Либия бо нашри як навори видеоӣ аз сар буридани 21 коргари мисрии масеҳӣ хабар дод. Раиси ҷумҳурии Миср Абдулфаттоҳи Сисӣ эълом кардааст, ки дар замони муносиб ба ин амали номатлуби гурӯҳи «Давлати исломӣ» посух хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандони мисрӣ тақрибан ду моҳ қабл дар шимоли Либия аз сӯи ин гурӯҳ рабуда шуданд.
Донишгоҳи Ал-Азҳар низ бо «ваҳшиёна» хондани ин иқдом эълом кард, ки чунин амал рабте ба ҳеҷ яке аз адён ва ё арзишҳои инсонӣ надорад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Миср ба ёдбуди ин кушташудагон як ҳафта мотами умумӣ эълон кардааст.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Ройтерз, раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама қатли се ҷавони мусулмони кишварро дар иёлати Королинаи Шимоли Амрико қатли бераҳмона номида ва гуфт: «Ҳеч кас дар Иёлоти Муттаҳида набояд ба хотири динаш мавриди ҳадаф қарор гирад».
Қобили зикр аст, ки се ҷавони мусулмон ҳафтаи равон дар иёлати Каролинаи Шимолӣ аз сӯи як ҳамсояи худ марди сафедпӯст Крейг Ҳикси 46-сола бо зарби тир кушта шуданд.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар вилояти Каписои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миёни кормандони сохторҳои қудратии кишвар ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» даргирии шадид ба амал омад. То кунун дар бораи фавти ду ҷониб маълумоти дақиқ дода нашудааст. Бояд гуфт, ки дар вақти ҳодисаи мусаллаҳона 15 сокини маҳаллӣ низ захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар байни захмиён кӯдакон ва занон низ ҳастанд.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон як силсила кишварҳои хориҷӣ Олмон, Италия ва Арабистони Сауди сафирони худро аз сабаби мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ дар Яман ба ватан бозпас хонданд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса низ фаъолияти сафоратхонаҳои худро дар Яман вобаста ба афзоиши сатҳи ҳамлаву амалҳои террористӣ қатъ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






