Муҳокимаи эъмори Минтақаи иқтисодии Роҳи абрешим шуд
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси ҳайати роҳбарикунандаи бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар шаҳри Саняи музофоти Хайнани ҶМЧ дар семинари Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ дар мавзӯи «Эъмори Минтақаи иқтисодии Роҳи абрешим: маблағғузорӣ ва тарҳрезӣ» иштирок намуд.
Назар ба иттилои «Амонатбонк», дар семинар кормандони масъули бонкҳои узви Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкорӣ ва коршиносони дигари ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ширкат доштанд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамчунин бо раиси Шӯрои директорони Бонки давлатии рушди Чин Ху Хуэйбан мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо масоили таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






