Муҳокимаи фаъолияти JICA дар Тоҷикистон
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 9 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Киёши Кодера баргузор гардид.
Киёши Кодера Неъматулло Ҳикматуллозодаро ба муносибати таъйин шуданаш ба мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо муборакбод карда, мақсадҳои асосии сафарашро дар мавриди мҳоқимаи фаъолияти JICA дар Тоҷикистон ва таъсири омилҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баён намуд.
Неъматулло Ҳикматуллозода аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон изҳори қаноатмандӣ кард.
Мусоҳибон перомуни ҳамкории минбаъда, тарҳрезии Стратегияи нави JICA нисбат ба Тоҷикистон, вазъи иқтисодии кишвар ва омилҳои рушду густариш иқтисодиёти мутақобила, равобити иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






