Муҳокимаи номзадҳои ҲСДТ дар Душанбе

Февраль 2, 2015 15:40

Душанбе, 02.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз, 2 феврали соли 2015 дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди ҲСДТ, муайян намудани шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари  ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 13 нафар номзад аз Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва 65 нафар шахсони боэътимоди ҳизб ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки анҷумани Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон номзадии 22 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби аз ҷониби 8 нафар номзади пешбаришуда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мактуби расмӣ муроҷиат карда,  хоҳиш намудааст, ки номзадии 8 нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобари ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Воҳидова Файзинисо Маноновна, Умаров Ҳоҷимуҳаммад, Шерзамонов Алим Мамадрасулович, Қудратов Шуҳрат Абдувалиевич, Насруллоев Бахтиёр Асатуллоевич, Раҳимов Раҳим Наимович, Қураева Муаззама Қарақуловна ва Давлатов Саидаброр Абдуалимович аз рӯйхати ҲСДТ хориҷ карда шуд.
Инчунин номзадии Соҳибназаров Фирдавс Анварович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон пешбарӣ карда шудааст, дар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини дар моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди «в» (қонунгардонӣ (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ бо моддаҳои мазкур ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 23 январи соли 2015 айб эълон  шудааст, дар асоси талаботи зербанди 7 қисми 1 моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд, ҳуқуқи ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ номзад шуданро надоранд, аз рӯйхати Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон хориҷ шуд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи КМИР масъалаи муайян намудани шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари  ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд
Таъкид шуд, ки масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байнамлмилалӣ бо назардошти ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи КМИР мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
 

Февраль 2, 2015 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад