Муҳокимаи номзадҳои ҲСДТ дар Душанбе
Душанбе, 02.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 2 феврали соли 2015 дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди ҲСДТ, муайян намудани шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 13 нафар номзад аз Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва 65 нафар шахсони боэътимоди ҳизб ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки анҷумани Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон номзадии 22 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби аз ҷониби 8 нафар номзади пешбаришуда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мактуби расмӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии 8 нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобари ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Воҳидова Файзинисо Маноновна, Умаров Ҳоҷимуҳаммад, Шерзамонов Алим Мамадрасулович, Қудратов Шуҳрат Абдувалиевич, Насруллоев Бахтиёр Асатуллоевич, Раҳимов Раҳим Наимович, Қураева Муаззама Қарақуловна ва Давлатов Саидаброр Абдуалимович аз рӯйхати ҲСДТ хориҷ карда шуд.
Инчунин номзадии Соҳибназаров Фирдавс Анварович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон пешбарӣ карда шудааст, дар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини дар моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди «в» (қонунгардонӣ (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ бо моддаҳои мазкур ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 23 январи соли 2015 айб эълон шудааст, дар асоси талаботи зербанди 7 қисми 1 моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд, ҳуқуқи ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ номзад шуданро надоранд, аз рӯйхати Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон хориҷ шуд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи КМИР масъалаи муайян намудани шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд
Таъкид шуд, ки масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байнамлмилалӣ бо назардошти ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи КМИР мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






