Муҳокимаи сиёсати иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷ,Нуралиев бо ёвари муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниэл Розенблум мулоқот анҷом дод.
Назар ба хабари Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши молия ва соҳаҳои дигари фаъолият мубодилаи афкор барпо гардид. Ҳамчунин самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили сиёсати умумӣ муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо ба масоили бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла, аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснок намудани сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи СASA -1000 таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зикр карданд, ки ин лоиҳа судманду муфид аст.
Дар мулоқот ёвари муовини котиби давлатии ИМА аз рӯи масъалаҳои демократия ва ҳуқуқҳои инсон Стивен Фелдштайн ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот ширкат доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






