Муаррифии марказҳои пешбурди тиҷорат
Душанбе, 20.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25 феврали соли равон дар Душанбе бо баргузории нишасти хабарӣ муаррифии марказҳои навтаъсиси пешбурди тиҷорати назди Палатаи савдо ва саноати кишварро доир намояд.
Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ин марказҳои навтаъсис дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба тиҷорат”-и Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ки аз тарафи Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ мегарданд, фаъолият доранд.
Интизор меравад, ки кормандони марказҳои навтаъсис дар чорабинӣ хабарнигоронро бо мақсаду вазифаҳо ва фаъолияти марказҳои мазкур ва ҳамчунин нақшаю натиҷаҳои назаррас дар самти боло бурдани неруи тиҷоратии корхонаҳои истеҳсолӣ ошно хоҳанд сохт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






