Муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014

Февраль 25, 2015 15:10

Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрӯз бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассотсиатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. 
         Чорабиниро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷабборов  ифтитоҳ намуда,  иброз дошт, ки ҳадафи чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014 дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад. 
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ  ва кумита ба шумор меравад.
Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» дар се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
 Дар ин робита ба ҳозирин оид ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт”, натиҷаҳои ҷаласаҳои 13 ва 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маълумоти муфассал  пешниҳод шуд.
Зикр гардид, ки нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта аз декабри соли 2014 тасдиқ  шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён вобаста ба аҳмият ва муҳимияти натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва суғурта, шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ҷалби сармояхо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ,  рушди бахши хусусӣ, сухан гуфта, саҳми Шӯроро дар ин раванд мусбат арзёбӣ намуданд.
 
 

Февраль 25, 2015 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад