Мулоқотҳои судманд дар партави Паёми Президент
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ силсиламулоқотҳоро бо ҷавонону наврасони фаъоли навоҳии гуногуни кишвар ба роҳ мондааст.
Тавре ки дар ин бора мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов хабар дод, чунин мулоқоти судманд дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумита Назарзода Ризо ва муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова бо донишҷӯёну устодон баргузор гардид, ки дар он масъулин оид ба мафҳум ва муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот иштирокдорон нақши Паёмро дар рушду инкишофи кишвар муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Назарзода Ризо ва Руқия Қурбонова нуктаҳои алоҳидаи Паёмро ба ҷавонону донишҷӯён шарҳ дода, иброз намуданд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро ҳамеша қишри ояндасози давлату миллат номида, пайваста моро дастгирӣ менамоянд.
“Дар Паёми имсола низ Роҳбари Олии кишвар нақши ҷавононро ҳамчун неруи пешбаранда ниҳоят арзишманд арзёбӣ кард, ки ин аз ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷавонон низ бояд бо корҳои наҷибу шоиста баҳри ободии диёр саъю талош намуда, саҳми худро дар пешрафти диёри маҳбубамон гузоранд”,- зикр намуданд иштирокчиёни мулоқот ба ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли пойтахт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






