Мулоқотҳои судманди Кумитаи ҷавонон бо ҷавонони Хатлон
Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ду рӯз аст, ки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти шаҳраки Бӯстонқалъа ва Коллеҷи ҷумҳуриявии аграрии ноҳияи Бохтар, дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Сарбанд ва инчунин ҷамоати деҳоти ноҳияҳои Ч.Румӣ, Қумсангир ва Шаҳритус бо ҷавонон, занон, варзишгарон, ходимони дин дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон,тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ мулоқот доир гардид.
Зимни мулоқот масъулини кумита аз дастовардҳои мардуми тоҷик дар зарфи 24 соли истиқлолият ёдовар шуда, ҷавонону варзишгаронро барои саҳмгузорӣ дар обод гардонидани Ватани хеш ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ даъват намуданд.
Ҳамзамон масъулини кумита дар мавзӯи Паёми Сарвари Давлат, ки ба вакилони Маҷлиси Олии кишвар 23 январ ироа гардид, сухан карда, иброз намуданд, ки он барои ҳар як фард ҳамчун роҳнамо буда, онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.
Ҳамчунин дар доираи эълон шудани соли 2015 — Соли оила аз ҷавонон даъват шуд, ки барои пойдориву мустаҳкамии оила кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро оилаи солим- ин боигарии миллати тоҷик аст. Ҷавонон дар навбати худ низ омодагии хешро барои саҳмгузорӣ дар рушди кишвар изҳор намуданд.
Чунин мулоқотҳои судманд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






