Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ху-Хуайбен

Февраль 4, 2015 11:18

Душанбе, 4.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Пас аз анҷоми семинари «Сохтмони хати иқтисодии Роҳи абрешим: маблағгузорӣ ва нақшабандӣ» раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо пешниҳоди раиси Бонки давлатии рушди Чин Ху-Хуайбен вохӯрд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти “Амонатбонк”дар  вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо миёни Амонатбонк ва БДРЧ баррасӣ гардиданд. 
Масъалаи асосии вохӯрӣ-ин ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти иқтисодиёти Тоҷикистон буд. 
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи кушодани хати қарзии нав барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии барои ҷонибҳо мувофиқ дар ҳошияи ҳамкориҳои дуҷониба, ки барои рушди соҳаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саривақтист, баррасӣ гардид. 
Масаъалаи дигар- ин омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ва такмили ихтисоси кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” буд. 
Дар вохӯрӣ раиси “Амонатбонк” Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БДРЧ  Ху-Хуайбенро барои боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба ба Тоҷикистон барои боздид даъват намуд. 
 
 
 

Февраль 4, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард