Мулоқоти А. Абдуллозода бо ҷавонони Ҳисор
Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-13-уми феврали соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо ҷавонону наврасон, аҳли ҷамоат, имомхатибҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ ва омӯзгорону аҳли зиёи ноҳия мулоқот намуд.
Раиси Кумита мақсади вохӯриро шарҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва гуфтугӯи озоду самимӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ карда, Паёми Президенти кишварро ҳуҷҷати ниҳоят муҳим ва тақдирсоз барои тамоми қишрҳои ҷомеа унвон кард: “Паём қабл аз ҳама барои ҷавонон як роҳнамо, ҳидоятгари роҳи росту бенуқсон ва хиради воло арзёбӣ мегардад, зеро он натиҷаи дастовардҳо, фаъолияти яксолаи Ҳукумати мамлакат ва муайянкунандаи афзалиятҳо барои як соли оянда мебошад.”
Зимни вохӯрӣ раиси кумита аз таваҷҷуҳи баланди масъулин нисбат ба Паёми имсола гуфт: “Мо бо як масъулияти баланди худшиносӣ ба Паёми имсола таваҷҷуҳ менамоем. Зеро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи он ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштааст, ки “дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.”
-Боварии роҳбари давлат ба ҷавонон масъулияти моро дучанд намуда, аз мо талаб мешавад, ки бештар ба мутолиа машғул гардида, босаводу соҳибмаърифат бошем. Эҳтироми волидайнро ба ҷо оварда, Ватани азизи худро дӯст дорем,- иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.
Дар идомаи суҳбат ба масъалаҳои вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо аз варзишгоҳи навбунёди ноҳия, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, сохтмонаш идома дорад, дидан намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






