Мулоқоти Д. Саид бо намояндагони ширкати «Қатари Диёр»
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони ширкати «Қатари Диёр» мулоқот кард.
Давлаталӣ Саид ва раиси бахши иҷроияи ширкати «Қатари Диёр» Намман Атталаҳ, ки ҳайати намояндагони ширкатро роҳбарӣ менамояд, масоили иҷрои лоиҳаҳои дуҷонибаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи лоиҳаи маҷмааи «Диёри Душанбе» зоҳир шуд, ки дар доираи татбиқи он панҷ бинои истиқоматӣ, меҳмонхона, маҷмааҳои хизматрасонию тиҷорат, биноҳои идоравӣ ва кўдакистон бунёд мегарданд. Дар айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур бо харҷи баробар ба 55 млн доллари амрикоӣ анҷом ёфта, ба комиссияи давлатӣ пешниҳод шудааст.
Хотиррасон бояд кард, ки дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз моҳи августи соли 2011 Давлати Қатар лоиҳаи сохтмони маҷмааи «Диёри Душанбе» ва масҷиди бузурги замонавиро дар шаҳри Душанбе амалӣ менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






