Мулоқоти директори АНМН бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 3 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо роҳбари ҷузъу томи хадамоти равобити хориҷии Аврупо Тойво Клаар баргузор гардид. Дар мулоқот муовини роҳбари хадамоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштва Нитрай низ ширкат дошт.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, дар ҷараёни мулоқот дурномаи Агентӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар масоили назорати маводи мухаддир муҳокима шуд. Директори Агентӣ зикр намуд, ки дар ҳошияи Барномаи «Идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ», ки бо пуштибонии он сохтмони Маркази таълимии сагомӯзии АНМН анҷом ёфт, ҳамкории зичи Агентии мазкур роҳандозӣ шудааст.
Рустам Назарзода ҳамчунин иброз дошт, ки Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамояд.
Меҳмонон зикр намуданд, ки дар ҳошияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вусъат бахшида мешавад, зеро ҳалли ин мушкилот дар сатҳи кишварҳои алоҳида имконнопазир буда, барои ин бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳон якҷоя саъю кӯшиш намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






