Мулоқоти Э. Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.Ба масоили вобаста ба муаянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуданд.Таъкид гардид, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ, ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






