Мулоқоти Э.Сангинзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 6.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сангинзода Эмин Нуъмон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар он Андрю Мэйсон, роҳбари бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодчии калон Алексей Случинский 4 феврали соли 2015 мулоқот анҷом дод.
Мақсад аз вохӯрӣ муҳокимаи барномаи умумии корӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, муаррифии натиҷаҳои фаъолияти минтақавии бонк дар соҳаи малака ва шуғли аҳолӣ, инчунин омӯзиши имкониятҳои мавҷуда нисбат ба бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити таназзули иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Тавре ки аз Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат хабар доданд, вазорат дар гузашта бо Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории зич намуда, лоиҳаи Хазинаи эътимоди зудамали иҷтимоӣ ва лоиҳаи таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоӣ, лоиҳаи Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд, инчунин дар самти муҳоҷират дар доираи лоиҳаи «Устувор намудани низоми мониторинг ва арзёби бо мақсади такмил додани низоми идораи раванди муҳоҷират»-ро бо маблағгузории Фонди рушди институтсионалӣ амалӣ кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






