Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Киёши Кодеро
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши КОДЕРО-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари америкоӣ грант ва 60 миллион доллари америкоӣ кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.
Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.
Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.
Киёши КОДЕРО таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шариконии муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






