Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо Стивен Фелдштейн
Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини Котиби давлатии ИМА Стивен Фелдштейн мулоқот кард. Мусоҳибон доир ба раванди ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва ИМА дар бахши меҳнат, демократикунонии ҷомеа, дин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусан ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон табодули афкор карданд.
Тавре ки таъкид шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, беш аз 15 барномаю санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тавсиб расидаанд. Дар баробари ин, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди мамлакат тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа, ҷалби занон ба корҳои роҳбарии давлатӣ ва пешгирии хушунат дар оила аҳамияти авалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






