Мулоқоти Н.Ҳикматуллозода бо Р.Жошибоев
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 3 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода дар шаҳри Душанбе бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Комиссари Намоишгоҳи махсуси байналмилалии ЭКСПО -2017 Рапил Жошибоев мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷонибҳо масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишварро муҳокима намуданд.
Дар ҳошияи мулоқот маросими муаррифии ЭКСПО — 2017 баргузор гардида, ҷониби Қазоқистон изҳори боварӣ намуд, ки тарафи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСО — 2017 бори нахуст дар ИДМ ва Осиёи Марказӣ доир гардида, ба мавзӯи неруи барқ бахшида шуда ва масъалаи имрӯзаи истифодаи самарабахши захираҳои онро инъикос мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки аз рӯи натиҷаи соли 2014 ҳаҷми муомилоти моли байни Қазоқистону Тоҷикистон ба 858,8 миллион доллар (содирот — 681,062 миллион доллар, воридот — 177,737 миллион доллар) расид. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 50 корхона бо истифода аз маблағҳои Қазоқистон фаъолият дошта, саҳми онҳо ба иқтисодиёти кишвар беш аз 125 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон имконоти дар шаҳри Душанбе доир намудани ҷаласаи навбатии 12 — уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки бояд моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор гирифт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






