Мулоқоти Н.Зоҳидӣ бо Ф. Климчук
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 феврали соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини роҳбари Намояндагии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Фёдор Климчук баргузор гардид.
Дар мулоқот Фёдор Климчук аз фаъолият ва чорабиниҳои дарпешистодаи марказ ёдовар шуда, саҳми фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди лоиҳаҳои он таъкид намуд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ талошҳои марказро ҷиҳати пешгирии низоъҳо ва муқовимат ба хатару чолишҳои фаромарзӣ дар минтақа мусбат арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби моро барои ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳо изҳор намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






