Мулоқоти Неъматулло Ҳикматулозода бо Киёши Кодера
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Фаъолияти JICA дар Тоҷикистон ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо ноиби Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодера, ки 9 -уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Вазири рушди иқтисод ва савдо аз густариши ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, алалхусус дар самти агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан муфид, таҳияи Стратегияи нави JICA барои Тоҷикистон, вазъи иқтисоди кишвар ва омилҳои рушди устувори он, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






