Мулоқоти номзадҳо бо раъйдиҳандагон
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа- 26 бо раъйдиҳандаҳо дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, ки дар он беш аз 250 нафар иштирок дошт.
Анвар Тағоймуродов, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Тӯйдиев, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Ӯзбеков, номзад ба тариқи худпешбарӣ ва Ҷонона Холбобоева, номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандаҳо муаррифӣ намуданд.
Ҳимояти ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ, мусоидат ба коҳиши сатҳи муҳоҷирати корӣ, таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат, тақвияти мубориза алайҳи коррупсия ва ифротгароӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии номзад Анвар Тағоймуродов буд.
Номзад ба вакилии парлумон Саидҷаъфар Тӯйдиев гуфт, ки ҷалби сармоя барои ислоҳоти иқтисодии кишвар, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав тавассути воридоти технологияҳои муосир аз нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ӯст.
Ҷамолиддин Ӯзбеков, ки ҳамзамон мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, гуфт, ки дар сурати вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш бештар ба мушкилоти иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи варзишгарони касбӣ, ташаккули оммавияти варзиш таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Мубориза бар зидди миллатгароӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ, озодии сухан ва матбуот, вусъат додани сохтмон ва оқилона истифода бурдан аз иқтидорҳои гидроэнергетикию сарватҳоӣ табиӣ, беҳсозии шароити кору зиндагии занони деҳот аз нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии Ҷонона Холбобоева аст.
Дар вохӯрӣ нозирони байналмилалии интихобот аз САҲА низ ҳузур доштанд.
Ҳамин гуна мулоқоти номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии Парлумон дар маҳалҳои дигари шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар сурат гирифт.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид






