Мулоқоти Парвиз Давлатзода бо Рапил Жошибоев

Февраль 4, 2015 08:20

 
Душанбе, 04.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 феврали соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Комиссари миллии Қазоқистон доир ба ЭКСПО-2017 Рапил Жошибоевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Р. Жошибоев ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Қазоқистон ҷиҳати ташкили ЭКСПО-2017 арзи сипос намуда, дар бобати корҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳим иттилоъ дод.
Дар навбати худ П. Давлатзода баргузории ин намоишгоҳи бузургтарини байналмилалиро рӯйдоди назаррас дар ҳаёти минтақа номида, изҳор кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он дар сатҳи баланд муаррифӣ хоҳад шуд.
Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон К.Масимов ба Тоҷикистон, ташкили Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ ва ғайра таъкид сохтанд.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
 
 
 
 
 
 

Февраль 4, 2015 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!