Мулоқоти роҳбарони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Охири моҳи январ дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти роҳбарони Шӯрои АБП ИДМ бо сафирони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ тайи 23 сол 443 қонуни намунавиро қабул намуданд. Дар байни онҳо кодексҳои басо муҳиме дар самтҳои мухталифи фаъолияти давлатҳои узви ИДМ мавҷуданд. Зикр шуд, ки то имрӯз 150 лоиҳаи қонунҳои намунавӣ дар ихтиёри комиссияҳои АБП ИДМ қарор доранд.
Дар мулоқот намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғзистон ва кишварҳои дигар ширкат доштанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






