Мулоқоти С. Аслов бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубию Марказӣ Даниэл Розенблум ва муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Стивен Фелдштейн мулоқот намуд.
Назар ба хабари ВКХ ҶТ, ҷонибҳо масоили дар шаҳри Вашингтон доир намудани даврҳои минбаъдаи машваратҳои ҳарсолаи сиёсии байни Тоҷикистону ИМА, моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон гузаронидани интихоботи парлумон ва Конфронси байналмилалии мақомоти баландпоя аз рӯи натоиҷи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт» — ро баррасӣ намуданд.
Тарафайн ҳамчунин перомуни масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаи ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон, мавзӯи обу энергетика ва масъалаҳои дигареро, ки диққати ҷонибайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






