Мулоқоти С.Аслов бо С.Лебедев

Февраль 28, 2015 09:30

Душанбе, 28.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 феврали соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки ба ҳайси сарвари Миссияи нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи Иттиҳодро мавриди муҳокима қарор доданд.

Февраль 28, 2015 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар