Мулоқоти сафири ҶТ бо губернатори вилояти Твери ФР
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов дар ҳошияи сафари расмиаш ба вилояти Твери Федератсияи Русия бо губернатори вилоят Андрей Шевелёв мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Твер дар бахшҳои мухталиф ва, дар навбати аввал, дар самти муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, маориф, илму фарҳанг, ҳамчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот губернатор Андрей Шевелёв зикр намуд, ки барои рушди ҳамкории дуҷониба дар вилояти Твер шароити мусоид фароҳам оварда, дар минтақа Ҷамъияти фарҳанги Тоҷикистон фаъолият дорад.
Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов дар навбати худ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории ҳамаҷониба мебошад. Мавсуф даъват намуд, ки корхонаҳои вилояти Твер лоиҳаҳои бахши иқтисодиёту кишоварзиро муштаракона дар амал татбиқ намоянд. Номбурда изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои ба Русия фиристодани маҳсулоташ имконоти бузург дорад.
Сафир зикр намуд, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон буда, ба таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ниёз дорад.
Иштирокдорони мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла густариши равобити байни донишкадаҳои олӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва табодули фарҳангиро муҳокима намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари намояндагии тиҷоратии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлони ҶТ Хоналӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Маҳмад Шодиев ва кормандони масъули сафорати ҶТ дар ФР иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






