Мулоқоти сафирони Тоҷикистон дар Ҳиндустону Покистон
Душанбе, 26.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 феврали 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷив К мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои тиҷорат ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамсуҳбатон нисбат ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин 25 феврали соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо вазири федеролии амнияти озуқаворӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сикандар Ҳаётхон Босан мулоқот намуд, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






