Мулоқоти Ш. Зуҳуров бо Т. Клаар
Душанбе, 03.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров сарвари навтаъйини шуъбаи хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Ш. Зуҳуров сатҳи муносиботи байни Маҷлиси намояндагон ва Иттиҳоди Аврупоро нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки: «Имрӯз ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо аз сиёсатҳои авлавиятноки самтҳои бобарори фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуд, Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз роҳу равиши муносиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист, ки мушкилоти дохилиро аз тариқи сулҳу салоҳ ҳалл намояд, бо доираи васеи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ робитаҳои худро таҳкиму тавсеа бахшад».
Сарвари навтаъйин иброз намуд, ки: «Бо назардошти рушди устувори иқтисодии кишвар, Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Дар ин росто Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифтааст, ки то соли 2020 ба Точикистон 251 миллион евро кумаки молӣ расонад. Ин маблағ бевосита ба соҳаи тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ равона мешавад».
Дар вохӯрӣ ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаҳои мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм, қочоқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






