Мулоқоти Шариф Саид бо Мирзои Дӯстмамад
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зимни мулоқот бо сардори Раёсати умури маводи ғизоии Ҳукумати ноҳияи мухтори Синҷону Уйғур, ки 2 феврал дар шаҳри Урумчи баргузор гардид, пешниҳод намуд, ки барои бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмиру истифодаи техникаи бахши кишоварзӣ бархе лоиҳаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.
«Барои ҳалли масоили оид ба таъмини бехатарии маводи ғизоии Тоҷикистон бояд комплекси кишоварзию саноатӣ, хусусан бахшҳои ашёи хом ва соҳаҳои коркарди саноатии он рушду густариш дода шавад», — гуфт Шариф Саид.
Шариф Саид изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон назар ба эҳтиёҷоти дохилии он бештар меваю сабзавот ба даст меояд. Мавсуф дар робита бо ин таваҷҷуҳро ба имкониятҳои парваришу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб намуд.
Ҷонибҳо масоили аз ноҳияи мухтори Синҷону Уйғур ба Тоҷикистон ворид намудани техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ барои соҳаҳои коркарди маҳсулот, тавлиди нуриҳои минералӣ ва таҳияи тухмии хушсифатро муфассал муҳокима намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






