Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарон
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарони саросари минтақаҳои кишвар баргузор шуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода ба варзишгарон барои дастовардҳояшон ва дар мусобиқоти байналмилалӣ ҷойҳои шоистаро ба даст оварданашон, ҳамчунин барои тарғиби тарзи солими зиндагии ҷавонон арзи сипос карда, ба онҳо барори кор ва муваффақиятҳо орзу намуд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ садҳо иншоотҳои варзишӣ бунёд гардида, дар ин самт ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Тайи панҷ соли охир бо дастгирии роҳбарияти кишвар дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ, 621 майдончаи варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ бунёд гардида, 2700 майдончаи варзишӣ, 635 толор, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмир шудааст.
Бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ 400 нафар варзишгарон бо мукофотҳои пулӣ ва инъомҳои қиматбаҳо қадр карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






