Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 10 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни музокирот мавзӯҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар музокирот таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ зоҳир гардид. Бо назардошти ташаккули вазъият дар Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти мубориза алайҳи хатару чолишҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо истифода аз абзорҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориии Шанхай таъкид намуданд.
Бар зарурати суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои ду кишвар ишора гардид.
Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқамандӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






