Муъминобод: Баррасии Паёми Президент бо аҳли маориф
Муъминобод, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Вобаста ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҶТ дар ноҳияи Муъминобод вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва кормандони шуъбаи маориф бо хатмкунандагону омӯзгорон доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш нисбат ба соҳаи маориф, хусусан низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ сухан гуфта, изҳор кард, ки дар ин зинаи таҳсилот таълими фанҳои табииву риёзӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулини Вазорати маориф ва илм, роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки доир ба ин масъала тадбирҳои муассир андешанд ва ба хонандагон дар бобати интихоби дурусти касбу ҳунар, аз ҷумла ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникиву технологӣ, ки барои иқтисоди миллии мо хеле муҳиманд, ёрии амалӣ расонанд. Тавре ки Саъдулло Раҳимов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод иброз дошт, дар семинари омӯзишӣ, ки мавзӯи асосии он тарзи супоридани имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ интихоб гардида буд, ба хатмкунандагон роҳнамои довталаб пешниҳод шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






