Муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба мардуми Тоҷикистон

Февраль 25, 2015 09:08

Ватан — имрўзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
 
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти марбут ба он аз масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб мешаванд. Аслан муҳоҷират паҳлӯҳои равшан ва тираи худро дорад. Барои он нафаре, ки аз паҳлӯи равшани он огаҳӣ дорад, муҳоҷирати меҳнатӣ даромаду манфиати бисёре меорад. Ва агар кас ба паҳлўи тираи он афтад, он гоҳ муҳоҷират барои ӯ ҷуз азобу уқубат, ногувориву нокомиҳо дигар чизеро дода наметавонад: беқадрӣ, хорӣ, зорӣ, таҳқир аз дасти корфармоён ва муҳоҷирпазирон, ки мутаассифона, қисми зиёди мо ба он гирифторем. Ва ин ҳама танҳо ба ивази он, ки мо муҳоҷирони меҳнатӣ дур аз азизони худ, бо  маҳрумиятҳои зиёд ба хотири касб намудани нони ҳалол барои хонавода ба мусофират рў овардаем. Ҳарчанд дарки онро мекунем, ки бинобар вазъи душвори иқтисодии ҷумҳурӣ бо амри тақдир ва зарурати зиндагӣ бо чунин санҷиши ҳаёт рў ба рў шудаем, вале дар умқи дил алам дорем:
Ин ҳама шаҳрони Рус обод шуд аз дасти мо,
Ҳолу аҳволи Ватанро кай накўтар мекунем?
Дилрешкунанда аз ин алам он аст, ки дар муқоиса бо дигар халқияту миллатҳо ҳоло ҳам дар вуҷуди мо- тоҷикистониён ноиттифоқӣ, бегонапарастӣ ва якдигарфурўшӣ эҳсос мегардад.
Имрўз дар ин мулки ғарибиҳо илова бар ин эҳсоси ногувор боз ҳисси мушаввашӣ моро нороҳат месозад, зеро мардуму миллати моро боз як санҷиши дигаре-интихоботи парлумонӣ пеш омадааст. Ба хотири назорати баргузории шаффофи ин рўйдоди сиёсӣ беш аз 500 нозири хориҷӣ вобаста гардидааст. Эҳсоси хавотирии мо он аст, ки тўдаи ашхоси ғаразпеша бо истифода аз ҷараёни интихобот ба афкори мардуми мо таъсир расонида, ниятҳои нопоки худро, ки боиси нооромиҳо дар давлати Тоҷикистон мегарданд, амалӣ насозанд. Барои мо ташвишовар аст, ки баъзе аз ашхоси ба ном сиёсатмадор ва ҳизбу ҳаракатҳои бе аъзову бесоҳиб, ки дар дохили Ватан обрӯву дастгирӣ надоранд, мехоҳанд қартаи муҳоҷиронро ба бозӣ дароварда, аз номи мо баромад кунанд ва бо ин корашон гӯё моро пуштибониву ғамхорӣ менамоянд. Мо ба ин тоифа гуфтанием, ки аз ин ниятҳояшон даст бардоранд. Муҳоҷирони тоҷик худашон ақлу идрок, иродаи заруриро доранд, ки ояндаашонро интихоб кунанд. Оқибати чунин нозирӣ, дахолатпазирӣ ва «демократиясозиҳо»-ро мо дар мисоли талхи кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия, Миср, Афғонистон, Покистон, Украина, Қирғизистон ва ғайраҳо дидем ва дида истодаем. Ҳар нафаре, ки хирадаш қудрати таҳлилу хулосабарориро дорад, бо фаросат дармеёбад, ки на ҳама «сиёсатмадорон» дар фикри сарҷамъии мардуми мо ҳастанд ва на ҳар як давлати хориҷӣ дар фикри рушду тараққиёти Тоҷикистон аст. 
Гарчанде мо дар мулки ғарибӣ, дур аз Ватан қарор дорем, вале ба хотири он, ки ҳама азизону пайвандони мо дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд ва ниҳоят Тоҷикистон Ватани ягонаи мост, наметавонем ба тақдири наздикону қисмати Ватанамон бетафовут бошем. Даъват ва хоҳиши мо тоҷикистониёни муҳоҷир аз кулли ҳамватанон он аст, ки дар ҷараёни интихобот қабл аз ҳама дар фикри миллату давлати худ бошем. Рафтору қарори қабулнамудаи мо дар мавриди интихоби номзадҳои арзанда ва раванди интихобот тавре бошад, ки мардум миллати моро ҳамчун намуна шиносанд.
Дар хулосабарориҳои хеш мо бояд Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои пурқувват қиёс накунем, зеро он давлатҳои абарқудрат имрӯз ба мисоли дарахтони куҳансоле мебошанд, ки решаҳои пурқувват ва танаи устувор доранду давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон амсоли  он навниҳоле, ки акнун барои устувориву рушдаш реша ба замин медавонад ва аз вазидану шиддати шамоле хам шудаву шикастанаш мумкин аст. Барои рушду пурқувват гардидани ин навниҳол фурсати таърихӣ даркор асту то он замон ба эминӣ ва ҳифзи он аз ҳар ҳаводисе, ки боиси заволаш мегардад, эҳтиёҷ дорад. Ва агар мо имрўза Тоҷикистонро бо Тоҷикистони 10, 15 ва ё 20 соли пешин муқоиса кунем, он вақт мо талошҳои мардуми азияткашидаамонро зимни устувории давлати тозаистиқлол эҳсос мекунем.
Аз фурсат истифода намуда, ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки ҳар маълумоти иловагие, ки шуморо дар мавриди интихобот ва тартиби он лозим меояд, метавонед тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон ё намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед. Тавсияи мо он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳамеша бо онҳо дар тамос шаванд ва оид ба кай ва дар куҷо барои овоздиҳӣ ҳозир шудан маълумоти даркориро дастрас намоянд. Вале ҳаминро ҳам бояд таъкид кард, ки мутаассифона, миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон низ шахсони нопок ва ғаразнокро вохўрдан мумкин аст. Бинобар ин пеш аз қабули ҳар гуна қарор  аввал андеша намоед, дар ҳолати мавҷуд будани имконият аз ҳамватанони дигар, ки дар кишвари муҳоҷиратпазир таҷриба ва аз қонуну қоидаҳои интихобот бештар огаҳӣ доранд, маслиҳат пурсед. Метавонед аз дастурҳо, китобчаҳо ва варақаҳои иттилоотӣ бобати тартиби овоздиҳӣ, ки ба таври ройгон паҳн мешаванд, истифода намоед. 
Ҳамватанони азиз, аз Шумо хоҳиш ва даъват мекунем дар раванди интихоботи навбатии парлумонӣ бо нишон додани ғурур ва ҳуввияти миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси шаҳрвандӣ бобати тинҷиву амнияти кишвар ва осудагии хонадонамон фаъол ва аз таъсири афкори беруна эмин бошед. Мо бояд ба тамоми ҷаҳониён миллати сарбаланд, боғурур, ватандӯст, аҳлу тифоқ будани тоҷикро нишон диҳем ва мо ҳатман ҳамин корро мекунем!
 
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Февраль 25, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АРЗАНДАТАРИН НЕЪМАТ ВА БУЗУРГТАРИН САРМОЯ. Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дастаи вилояти Хатлон дар Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид
Дар Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ АСИЛИ ВАҲДАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ва конфронс доир шуд
Дар Бохтар амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
КАМЕРАҲОИ ХУДКОРИ ДУШАНБЕ. Марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт оғоз гардид
Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» вусъат меёбанд