Муроҷиатномаи варзишгарони мамлакат ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани Фармони Шумо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Ҷоизаи президентӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рўҳбаланд намуд. Бинобар ин мо аз номи кулли ҷавонон ва варзишгарони кишвар ба Шумо изҳори сипос менамоем.
Ҷаноби Олӣ,
Мулоқоти Шумо бо варзишгарони мамлакат, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Баъди ин вохўрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуданд. Дар ин радиф варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд.
Бо иштироки бевоситаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд.
Эълон гардидани Соли оммавияти футбол низ дили миллионҳо наврасону ҷавононро ба ин навъи варзиш гарм намуда, ба рушди он дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.
Варзишгарони мамлакат бо боварии том изҳор медоранд, ки минбаъд сафи наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам зиёд гардида, онҳо шаъну шараф ва эътибори мамлакатро ба маротиб баланд мебардоранд.
Таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаатон оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак медиҳад. Ин иқдом масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем.
Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва онро сидқан дўст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим Шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем.
Шумо, Сарвари Давлат ва халқи азизамонро бовар мекунонем, ки шаъну шараф ва мақоми Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, дар пешрафти соҳаҳои мухталлифи ҳаёти халқамон низ саҳми шоиста мегузорем».








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






