Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна
Душанбе, 17.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency), ки хабаргузории ҳукуматии Миср мебошад, мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро бо хабарнигори дипломатии бунгоҳ Шуҳрат Салоҳ Ориф мунташир намуд.
Дар мусоҳиба дар посух ба пурсишҳои хабарнигор сафири кишвари мо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва масъалаҳои дигари байналмилалӣ изҳори назар намудааст.
Гузашта аз ин, дар мусоҳибаи мазкур изҳори умедворӣ шудааст, ки ҷониби мисрӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок хоҳад намуд. Матни комили мусоҳибаро метавон дар торнамои бунгоҳи хабарӣ мутолиа кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






