Мусобиқаи кушод оид ба Чиу-читсуи бразилӣ дар Душанбе
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба намуди варзиши Чиу-читсуи бразилӣ баргузор гардид, ки дар он 10 даста аз клубу мактабҳои варзишии пойтахт, ноҳияҳои Восею Данғараи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур ба муносибати рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он беш аз 150 варзишгар иштирок ва барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам дар вазнҳои гуногун талош карданд.
Мусобиқа байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон ташкил шуд, ки рақобатҳо тӯли ду рӯз дар толори маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа идома карданд. Хусусан вохӯриҳои даври финалӣ ҷолибу шавқовар ҷараён гирифтанд ва он нафароне дастболо гаштанд, омодагии хуб дидаанд.
Ин аввалин мусобиқаи Чиу — читсуи бразилиягӣ дар соли ҷорӣ буда, варзишгаронро дар давоми сол боз чандин сабқатҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ интизоранд, зеро ба гуфти роҳбари Федератсияи миллии Чиу-читсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов фаъолияти ин намуди варзиш дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи варзишии Чиу-читсуи ҷаҳонӣ расман ба қайд гирифта шуд ва акнун варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ даъват мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






