Мусобиқаи тирпаронӣ миёни хонандагон ва сарбозон
Душанбе, 18.02.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ мусобиқаи харбӣ-варзишии «Тирпарронӣ» бахшида ба 22-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир шуд.
Чорабинии мазкур миёни хонандагон ва дастаҳо аз қисмҳои низомии мақомоти қудратӣ гузаронида шуд. Масъулини кумита ва КМ «Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон» ба ғолибони мусобикаи тирпарронӣ, ки миёни хонандаҳои синфҳои болоии ноҳияи И. Сомонӣ доир шуд, медалу дипломҳо супориданд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» доир мешавад, ба дастаҳои сарбозони ғолиби мусобиқаи мазкур ҷому туҳфаҳо супорида хоҳанд шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






