Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии ҶТ
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Имрӯз, 6 феврал, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ифтитоҳи мусобиқот аз рӯи минифутбол байни дастаҳои сохторҳои қудратӣ ва наврасону ҷавонони созмонҳои вилоят барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, роҳбарони сохторҳои қудратии вилоят иштирок доштанд.
Баҳром Шарифзода зикр намуд, ки мақсад аз роҳандозии мусобиқот таҳти унвони «Варзиш ҷонибдори тансиҳатии оила ва зидди нашъамандӣ», бешубҳа, ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, ташаккули тарзи солими зиндагӣ ва оилаи солим мусоидат мекунад.
Дар оғози мусобиқот дастаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруппсия дар вилояти Хатлон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати тиҷоратии вилояти Хатлон пирӯз шуд.
Мувофиқи маълумоти раёсати ВКД вилояти Хатлон, дар мусобиқот беш аз 20 даста иштирок дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






