Нақши зан дар пойдории оилаи солим
Душанбе, 6.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-5 феврал дар ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар занони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гашт. Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Олимова, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мавҷуда Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Фирӯза Камолова, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳо, занони фаъолу собиқадорони ҷамоати мазкур иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба сиёсати гендерии кишвар, дастгирии занону духтарон, ҷалби духтарон ба таҳсил, пос доштани арзишҳои милливу суннатии миллат, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро суҳбати ошкоро байни иштрокчиён доир гардид. Иштирокчиёни ҷаласа Соли 2015-ро соли оила эълон намудан ва ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладориро саривақтӣ ва боз як иқдоми нек аз ҷониби Сарвари Давлат арзёбӣ намуда, аз ҷумла, масъалаҳои муҳимияти тарбияи дурусти фарзандон, диққати ҷиддӣ додан ба таҳсили кӯдакон, алалхусус, духтарон, пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба ақидаҳои бегонаву иғвоангезро бисьёр муҳим номиданд.
Дар вохӯрӣ занон оид ба масъалаҳои мазкур изҳор намуданд, ки модарон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа буда, ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти кишвар бо меҳнати софдилона ва виҷдони тоза меҳнат намудан, ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул шуданро ба Президенти кишвар ваъда медиҳанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






