Нақши занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти иҷтимоии Нуробод
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, ҳамасола ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.
Воқеан дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги ин минтақаи кӯҳистон пешравиҳо зиёд ба чашм мерасад.
Тавре ки раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар Паёми навбатии Сарвари Давлат зикр шудааст, ки нақши занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ ниҳоят арзишманд мебошад.
«Ба истифода додани марказҳои савдо, дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон соҳиби ҷойи кор гарданд. Дар шаҳраки Дарбанд ва маркази деҳоти Комсомолобод сехҳои дӯзандагӣ кушода шуданд. Дар марказҳои омӯзишӣ занону духтарон касби дӯзандагиро аз худ намуда, баъд дар маҳалҳо ба дӯхтани либосҳои гуногун ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин машғул мешаванд. Шумораи занони маълумоти олидор 75 нафарро ташкил медиҳад. Аз тариқи озмун 12 нафар зан ба хизмати давлатӣ ҷалб гардид. Ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаш нафар, маориф 88 нафар, тиб 116 нафар, соҳибкорӣ 11 нафар зан ба фаъолият машғул аст».
Тибқи иттилои раиси ноҳияи Нуробод се нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва нуҳ нафар вакили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри бештар ба кор ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо тадбирҳои судманд меандешанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






