Намоиш — фурӯши молҳои Ҳиндустон дар Хуҷанд
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 5 то 15-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нахустин маротиба намоиш — фурӯши молҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон доир мегардад.
Ин намоиш тибқи шартномаи Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва ширкати «INDO RUSSIA EXPO» доир мегардад.
Дар чорабинӣ беш аз 20 ширкати ҳиндустонӣ маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Баргузории ин чорабинии иқтисодӣ қадами устувор дар тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва ҷалби сармояи Ҳиндустон ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои ҳиндустонӣ маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт, фармасевтӣ ва дигар маҳсулоте, ки аз тариқи ҳунарҳои дастӣ тавлид шудаанд, пешкаши тамошобинон ва муштариён мегардонанд.
Дар назар аст, ки намоиш ва фурӯши маҳсулоти Ҳиндустон дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






