Намоишгоҳи маҳсулотҳои Ҳиндустон дар Душанбе
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон аз 20-уми феврал то 1-уми март дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои ПСС ҶТ, намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Ташкилкунандагони ин маросим ПСС ҶТ ва ширкати намоишии «INDO RUSSIA EXPO» мебошанд. Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои ширкатҳои пешрафтаи Ҳиндустон ба намоиш гузошта мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 5-ум то 15-уми март чунин намоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






